Дарахти Ватан

Дуранг
Равшанӣ аз хонаи мо мебарӣ
Мисли дузде, боз боло мепарӣ!
Рав, ба мо аз равшанӣ дигар магӯ,
Мо ба торикӣ гирифтастем хӯ!
Хона торик аст агар, дил равшан аст,
Дил туро торик, манзил равшан аст!
Пода
Як пода хокзан шуд,
Як пода чокзан шуд!
Як пода бачча раҳзан,
Як пода локзан шуд!
Тарёкзан занонанд,
Ҳай синачок зан шуд!
Як пода зан занад вой,
Ҳай хашмнок зан шуд!
Як пода мард – номард,
Як пода пок зан шуд!
Як пода мард – мурда,
Сардармағокзан шуд!
Хӯрдам ҳазор зарба
Хӯрдам ҳазор зарба аз зарбҳои туркӣ,
Дар дил ҳазор захм аст аз захмаҳои туркӣ.
Во, захмҳои хуншор, монанди ҷеғи Чингиз,
Ҳамчун зи теғи хунрез – хунрез теғи Чингиз.
Овои булбулонро ман ёд кардам, эй дӯст,
Бар даргаҳи илоҳӣ фарёд кардам, эй дӯст.
Эй дӯст, най навозӣ, ҷонро ба най навозӣ,
Чангу рубоб гирӣ, хуштар зи май навозӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё