Дарахти Ватан

Аз мактаби «2» намешавад канда дилам,
Аз дасти хумор мешавад ганда дилам.
Ҳар гаҳ ки маро хумори мактаб гирад,
Рагҳои маро яки ба як таб гирад.
Кишоварз
Эй кишоварз, эй худованди замин,
Оҳ, эй дилбаста, побанди замин,
Дида дар киштат чарои дигарон,
Мекушӣ худро барои дигарон.
Ҳай дареғ!
Ҳар куҷо чун буд море, мир шуд,
Ҳар куҷо дун буд, дунёгир шуд.
Ҳай дареғи сарбаландони Ватан,
Ҳар сари боло сари як тир шуд.
Додари ҷон – тир дар дил, сар ба хок,
Хоҳари ҷон дар ҷавонӣ пир шуд.
Соғар задем
Сарбаландӣ ин замон дарди сар аст,
Сарбаланд имрӯз дар пушти дар аст.
Сарбаландӣ ин замон даркор нест,
Ҳеҷ кас чун сарбаландон хор нест!
Сарбаландонро ба ҳар сӯ сар задем,
То басе аз хунашон соғар задем!
Шоироне
Шоироне бас хушомад мезананд,
Пеши ҳар нокас хушомад мезананд.
Лӯсии ин чоплусонро нигар,
Косии ин косалесонро нигар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё