Дарахти Ватан

Эй косаи оби хунуку эй лаби нон,
Эй аз ҳама ширин, ба Худо, роҳати ҷон!
Эй косаи обу лаби нони бамаза,
Ку он, ки аз ин гуна маза лаб нагаза?!
Мову лаби нону лаби ин оби равон,
Эй ҷӯраи ҷон, биёву бин роҳати ҷон!
Додаст Худои ҷон ҳамин роҳати ҷон,
Ку роҳати ҷони беҳ аз ин роҳати ҷон?!
Мову лаби нону лабаки оби равон,
Ин хуштар аз он ҳар ду лаби гулсанамон.
Обай бамаза, нони дар обай бамаза,
Эй ҷӯраи ширин, шакаробай бамаза.
Имшаб чи шабай, намебарад хоб маро?
Дил об шудаст, мебарад об маро.
Дил об шудаст, даст шӯяд ёрам,
Дар об задаст маст гӯяд ёрам.
Лахти ҷигарам чӣ гуна мерезонӣ,
Савганд хӯрам, нагӯ намерезонӣ.
Лахти ҷигари маро ту мерезонӣ,
Гулро ба замин чаро ту мерезонӣ?
Лахти ҷигари маро ту мерезонӣ,
Олучаи пухтаро ту мерезонӣ.
Лахти дили баччаро ту мерезонӣ,
Тути сари кӯчаро ту мерезонӣ.
Мо даст намезанем дар косаи тар,
Ту аз бари мо бигиру бар косаи тар!
Мо даст ҳамезанем дар косаи сар,
Эй, дар сари сина мон, мабар косаи сар!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё