Дарахти Ватан

Эй ҷону ҷигар, бо ту бишинам хурсанд,
Дар ҷои дигар бе ту нашинам хурсанд!
Тахт аст маро бе ту мисоли тахта,
Санг аст маро бо ту мисоли пахта.
Мепурсамат, эй очаи ҷони бачаҳо,
Савганд ба ҷонаки ҷавони бачаҳо,
Боре бачаҳои ҷон туро мепурсанд?
Ё гашта барои нон туро мепурсанд?!
Рӯ тофт зи ман чаро надонам ёрам,
Як ошиқи бечораи беозорам.
Аз дарду алам намоз хонам ҳама шаб,
Дар ҷону дилам гудоз, хонам ҳама шаб.
Як духтари хушрӯяки хандон будӣ,
Оҳ, оташи ҷони дардмандон будӣ,
Боғи дили як ошиқи хандон будӣ,
Доғи дили сад ошиқи гирён будӣ.
Дар тахта, ки номи ту сафедӣ мекард,
Чун кафтари боми ту сафедӣ мекард.
Ман номи туро навишта будам бо бӯр,
Куштӣ ту маро, накушта будам Бобур!
Эй соқии хушхиром, нозат бисёр,
Кӯтаҳназари мӯи дарозат бисёр.
Кӯтаҳназаронро ба яке мӯй бибанд,
Бо як сари мӯ шаванд аз ҷой баланд.
Эй соқии нозанин, чи хуш менозӣ,
Майрез лабат, маро ба най бинвозӣ.
Ман маст шавам, маст, ба бозӣ-бозӣ,
Сӯи ту барам даст ба бозӣ-бозӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё