Дарахти Ватан

Эй чодари сип-сияҳ ба тан печида,
Рав, тори сияҳ ба тан матан печида.
Ту тортанӣ, ки метанӣ тори сияҳ?
Эй рӯт сияҳ, ду чашми ту мори сияҳ!
Эй лола, зи хоки модарам сар задаӣ,
Оҳ, аз дили чоки хоҳарам сар задаӣ.
Чун лолаи сарбарзада аз нолаи ман
Бар хок бигӯ аз ғами чилсолаи ман.
Гуфтам ба ҳазор нола, эй лолаи тар,
Дорам ду ҳазор лола аз лахти ҷигар.
Аз нолаи зор лолазор аст дилам,
Бо нолаву бо лола мазор аст дилам.
Дар хоки хунук модари сисолаи ман
Хоб аст, ба гӯшаш нарасад нолаи ман.
Шуд хонаи хоки модарам як ба замин,
Ашки падарам чакид чак-чак ба замин.
Дар кӯдакиям модари ман аз бари ман
Рафту наравад ғамаш зи чашми тари ман.
Рафт аз бари ман модари ҷонам бари хок,
Хокам ба сари ман асту ман бар сари хок!
Эй дӯст, наёмадӣ чаро тутхӯрӣ?
Хуш нест ҳаме бе ту маро тутхӯрӣ.
Бар тутхӯрӣ ҳавас намондаст маро,
Як ёри азиз бас намондаст маро.
Ду сол шидаст медиҳад талха ғамам,
Ду бол шикаст, медиҳад талха ғамам.
Хӯрдам ғами талху зиндагӣ талх марост,
Дар дил ғами туст, не ғами Балх марост!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё