Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Оё ғами мардуми парешон доред?
Танҳо ғами хешу ғами хешон доред!
Сар дар бағали ҳазрати эшон доред,
Гургед ҳама, ҳамла ба мешон доред!

Рӯзе, ки кадуи калаҳоро дидем,
Тарбуз ба бағал бузбалаҳоро дидем,
Якбора фитод аз бағал тарбузи мо,
Садпора шуд аз сумбу сапал тарбузи мо.

Як селаи рӯсиёҳи беҳад пастанд,
Дар гардани мо гуноҳи беҳад бастанд.
Ин селаи саг барои раҳбандияст,
Ин гардани мо баҳри гунаҳбандияст.

Чун чеҳраи ман зарди баранг аст, нигар,
Эй дӯст, магӯ дилам чӣ ранг аст дигар!
Ҳар гаҳ ки ғамам дили маро чанг занад,
Як коса дилам рухи маро ранг занад!

Боре зи дарам намедароӣ, эй дӯст,
Ғамҳои маро намесароӣ, эй дӯст!
Пои ту чаро ба хонаи мо нарасид?
Дасти ту чаро ба шонаи мо нарасид?

Як бор нагуфтиям куҷоӣ, эй дӯст,
Аз хона чаро намебароӣ, эй дӯст?
Аз хона бароям, ба куҷо хоҳам рафт?
Ё сӯи кадом ошно хоҳам рафт?!

Ғам дар дилу дар синаву дар дидаи ман,
Дупора дилу синаву тар дидаи ман.
Ҳо, синаи хуншори маро ту нахарош,
Дил об шуду гирист хун дида барош.

пешина
аз 162
навбатӣ