Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дорӣ чӣ хаёли шоирона,
Ширин чӣ хаёли нозанин аст!
Эй, холаи ту чӣ хол дорад?
Ҳай холи ту холи нозанин аст!
Мурдем, напурс ҳоли моро,
Ҳоли ту чӣ ҳоли нозанин аст!
Рӯмоли туро шамол бурде,
Ҳай-ҳай, чӣ шамоли нозанин аст!
Эй, дар тани нозанин диловез,
Савганд, чӣ моли нозанин аст!
Дорӣ ту чӣ молаки баҷоӣ,
Беҳ аз ҳама моли нозанин аст!
Ту дону Худо, худат бигӯ ку,
Моли ту чӣ моли нозанин аст?!
Ку як лаби моли худ нишон деҳ,
Эй вой, чӣ моли нозанин аст!
Моли дигарон чи мол бошад?
Моли ту ҳалоли нозанин аст!
Як бори дигар кушо, ки бинам,
Дидан чӣ маҳоли нозанин аст!
Хушрӯ бикушой, вой-вое,
Бикшой, ки фоли нозанин аст!

Ин куртасафед нозанин аст

Ин куртасафед нозанин аст,
Чашмаш накунед, нозанин аст.
Майлӣ, ҳавасаш хӯред, мардум,
Худро нахӯред, нозанин аст.
Мо дида варову рост мурдем,
Бинеду муред, нозанин аст.
Дар сояи беди мо нишастаст,
Ин сояи бед нозанин аст.
Дар шонаякаш, ки мешакад хуш
Ду баргаки бед, нозанин аст.
Дар оби равон задаст дасташ,
Ҳай дасти сафед нозанин аст!

пешина
аз 162
навбатӣ