Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ФЕҲРИСТНИГОРӢ ВА ОСОРНОМАИ
ШАХСИИ С. ТАБАРОВ

Феҳристнигорӣ аз бахшҳои муҳим ва басо зарурии соҳаҳои гуногуни илм буда, таърихи қадима ва пурбор дорад. «Ривоҷу густариши илму фарҳанг ва навишта шудани ҳазорҳо ҷилд китобҳои хаттӣ, афзудани соҳаву риштаҳои фаннӣ ва вусъати ҷуғрофии ҳавзаҳои илмӣ дар кишварҳои исломӣ ниёзҳои тозаеро пеши аҳли илм оварданд, – гуфтааст адабиётшинос А. Насриддинов ва афзудааст: - Муҳимтарини онҳо огоҳӣ доштан аз китобҳои таълифшуда ва нусхаҳои хаттии онҳо мебошад» (30, 161).
Дар ҳақиқат, феҳристнигорӣ ё китобшиносӣ чун манбаи боэътимоди баррасӣ ва иттилоотӣ дар рушду нумуи ҳар соҳаи илм саҳми муносиб мегирад ва аз давраи Ҷолинуси юнонӣ (129 – 200м.) оғоз ёфта, дар тамоми мамлакатҳои мутамаддини дунё вобаста ба афзоиши китобу махзанҳои китобнигоҳдорӣ бо суръати тамом инкишоф ва такмил ёфтааст.
Дар асрҳои миёна шахсиятҳои фарҳангии зиёд солиёни дароз дар ин соҳаи илм заҳмат кашидаанд. Масалан, Мустафо ибни Абдулло (1017-1067 ҳ.қ.), ки бо номи Ҳоҷӣ Халифа низ маъруф аст, 20 соли умри худро ба таълифи «Кашф-уззунун» ном феҳристнома сарф кардааст, ки дар он «қариб 25 ҳазор китобу рисола ва тақрибан нуҳ ҳазору панҷсад нафар муаллифони осори илмию адабӣ оварда шудааст» (30, 162).
Баробари ба вуҷуд омадани дастгоҳҳои чопӣ аввал дар кишварҳои Ғарб ва баъдтар дар мамлакатҳои Шарқ соҳаи феҳристнигорӣ боз ҳам инкишоф ёфта, нусхаҳои хаттӣ ва чопии китобхонаҳои гуногуни ҷаҳон дар феҳристномаҳо тавсифу тавзеҳ дода мешуданд.
Феҳристнигорӣ минбаъд боз ҳам густариш ёфт ва сифатан мукаммал гардид. Мусаннифони феҳристнигор аз дастовардҳои феҳристнигории пешин истифода карда, ҷанбаи илмӣ ва амалии ин соҳаро тақвият медиҳанд ва онро ба бахшҳои алоҳида ҷудо намуда, бо ҳамин имкониятҳои фаровони услубиву усулии феҳристсозиро ба аҳли илм пешкаш месозанд.

пешина
аз 148
навбатӣ