Муҳаққиқи соҳибмактаб

Дар ҳақиқат, рукни аслии баҳри рамал фоилотун аст. Лекин он дар як мисраъ нафақат чор бор, балки ду ё се бор низ такрор ёфта метавонад. Бинобар ин «рамал-баҳрест, ки рукни аслиаш фоилотун аст» гуфтан ва дигар баҳрҳои солимро низ ба ин тартиб шарҳ додан беҳтар мебуд. Ё худ мувофиқи луғатнома пеони сеюм «шеърест, ки ҳар рукни мисрааш аз як ҳиҷои кӯтоҳ, як ҳиҷои дароз ва як ҳиҷои кӯтоҳ (яъне аз се ҳиҷо–А.К) иборат аст», ки ин ба таърифи пеон («шеъре, ки тақтеи он чаҳорҳиҷоӣ буда…») мувофиқат намекунад. Инчунин аз таърифи пеон ва тартиби чор навъи он пай бурдан душвор нест, ки пеони сеюм аз се ҳиҷои кӯтоҳ ва як ҳиҷои дароз (VV-V) иборат аст.
Умуман, луғатномаи устод Соҳиб Табаров ба адабиётшиносону журналистон, муаллимону студентон ва дӯстдорони илму адабиёт туҳфаи муносибе буда, дар айни ҳол дар мураттаб сохтани луғати мукаммали адабиётшиносии тоҷик таҳкурсии хубест.
Соли 1981

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё