Муҳаққиқи соҳибмактаб

Дар «Луғати русӣ - тоҷикии истилоҳоти адабиётшиносӣ»
ҳамагӣ 2326 истилоҳ тарҷума карда, шарҳу эзоҳ ёфтаааст.
Маҳдудияти ҳаҷм муаллифро водор намудааст, ки диққати хонандагонро, пеш аз ҳама, ба истилоҳҳои серистеъмолу аввалиндараҷа, ки дар тадқиқи адабиёти муосир ба аҳамияти калони илмию амалӣ моликанд, ҷалб намояд.
Истилоҳоти ба поэтика ва шаклҳои шеърӣ бахшидаи луғатнома, ки миқдоран хеле бисёранд, на танҳо робитаи қавии қонуну қоидаҳои мероси манзуми халқҳои гуногунро мефаҳмонанд, инчунин сарчашмаи муҳимми навпардозиҳои шоирони советии тоҷик будани поэтикаи назми рус ва Ғарбро нишон медиҳанд. Аз ин нуқтаи назар тарҷума ва шарҳу тафсири мафҳумҳои пеон, эпитрит, тертсет, ситсилиана, секстина дар таҳлилу тадқиқи анъана ва навоварӣ, омӯхтани назарияи назм барин масъалаҳои адабиётшиносии тоҷик кӯмак мерасонанд.
Дар байни истилоҳоти ба мазмун, мундариҷаи ғоявӣ ва моҳияти иҷтимоии адабиёти бадеӣ бахшидашудаи луғатнома мафҳумҳои методу ҷараён ва мактабу равияҳои гуногуни адабиёти муосири хориҷиро дарбаргиранда бештар ба назар мерасанд, ки ин бесабаб нест. Дар замони ҳозира, ки адабиёти бадеии халқҳои гуногун боз ҳам бештар иртибот пайдо кардааст, ба моҳияти ҷараёну услубҳои гуногуни санъати хориҷӣ дуруст сарфаҳм рафтани хонандагон имконият медиҳад, ки аз фарҳангу тамаддуни миллатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳарчи беҳтару хубтар огоҳ бошанд. Истилоҳҳои абстрактсионизм, авангардизм, сюрреализм, фрейдизм, экзистентсиализм аз ҳамин дидгоҳ дуруст шарҳ дода шудаанд. Пайвастагии адабиёт бо навъҳои дигари санъат сабаб шудааст, ки муҳаққиқ ба истилоҳоти ин соҳаҳо ҳам сарукор дошта бошад. Тарҷума ва тафсир ёфтани як қатор мафҳумҳои оид ба театр, аз ҷумла, «антитеатр», интерлюдия, интермедия, пантомима, премера, репертуар, декоратсия барои возеҳу равшан фаҳмидани асарҳои драмавӣ кӯмак мерасонанд.
Дар луғати «Русӣ-тоҷикии истилоҳоти адабиётшиносӣ»
баъзе носаҳеҳиҳо ба назар мерасад. Масалан, баҳри рамал чунин шарҳ дода шудааст: «…дар вазни арӯз шеъре, ки рукнҳояш аз фоилотун, фоилотун, фоилотун, фоилотун иборат аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё