Муҳаққиқи соҳибмактаб

ЛУҒАТНОМА
(Соҳиб Табаров. «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти
адабиётшиносӣ». – Душанбе: Маориф, 1980. –52 с.)
Луғаттартибдиҳӣ дар таърихи забон ва адабиёти тоҷик анъанаи бое дорад. Луғатҳои дузабонаи соҳавие, ки вақтҳои охир аз тарафи Комитети терминологияи Тоҷикистон ба чоп тавсия шудаанд, нишони такомули илму маданияти тоҷик ва дӯстию ҳамкории халқҳои мамлакатамон мебошанд.
«Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти адабиётшиносӣ» ном китоби Соҳиб Табаров аз ҷумлаи чунин таълифот маҳсуб меёбад. Муаллиф вазифаашро дар муқаддима ба таври зерин муайян кардааст: «Чопи зиёди асарҳои илмӣ- тадқиқотӣ, илмӣ-омавии оид ба адабиётшиносӣ, китобиёту тақризу мақолаҳои танқидӣ ва амсоли онҳо, ки ҳар сол ба забони русӣ мебароянд ва аксари хонандагони тоҷик низ аз онҳо баҳраманд мешаванд, муаллифи ин сатрҳоро водор намуданд, ки қисме аз истилоҳҳои русии адабиётшиносиро ба забони тоҷикӣ тарҷума намояд ва бо ҳамин эҳтиёҷоти хонандагонро қонеъ гардонад»(51, 3).
Пешравии илми адабиётшиносӣ дар шароити ҳозира ягонагии методи тадқиқ, равобити адабии халқҳои СССР дар зарфи зиёда аз 60 сол боиси дар адабиётшиносии тоҷик дохил шудани як силсила мафҳумҳои нав гардид: поэма (достон), композитсия (бандубаст), пролог (оғоз), эпилог (хотима, анҷом), дилогия (дугона), текстология (матншиносӣ) ва ғайра.
Вақте ки истилоҳҳои нави адабиётшиносӣ ба доираи васеи хонандагон пешкаш карда мешаванд, шарҳу тафсири онҳо ҳатмист. Масалан, агар истилоҳи «нона» шарҳ дода нашавад (як навъ шеър, ки ҳар бандаш аз 9 мисраъ иборат аст ва тарзи гуногуни қофиябандӣ дорад, ки яке аз онҳо спенсер аст ва «Ҷайлд Гаролд» - и Байрон дар он шакл навишта шудааст: абаббабаа») на ҳамаи хонандагон онро мефаҳманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё