Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Натиҷагирии савум аз қиёси тазмини Пайрав ба шеърҳои пеш аз ӯ ба қасидаи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» тазминшаванда бармеояд. Аз ҷумла, андозаи шеъри Пайрав ба тазмини шоири воломақоми асрҳои Хl-Хll Саноии Ғазнавӣ муҳаққиқро ба мулоҳизаҳои ҷолиб овардааст. Пайрав дар тамоми тазминаш аз шеъри Рӯдакӣ радифи «ояд ҳаме», калимаҳои «Ому», «Ҷайҳун» «сӯи» ва мисраи тазминии «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме»- ро истифода бурдаасту халос. Саноӣ бошад, дар ҳафт байти тазминаш аз «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» панҷ мисраъро иқтибос, радифи «ояд ҳаме» ва калимаҳои «осмон», «сӯи»- ро истифода карда, танҳо чор байти асл офаридааст, ки онҳо низ дар пояи шеъри Рӯдакӣ қарор надоранд. Гуфтан бамаврид аст, ки бемуваффақият баромадани тазмини Саноиро академик Абдулғанӣ Мирзоев низ таъкид кардааст: «Саноӣ бо вуҷуди аз шоирони пурмаҳсули забардасти аср будани худ дар ин ғазал аз ӯҳдаи ҷавоби ҳеҷ як байти шеъри Рӯдакӣ баромада натавонистааст» (24,35).
Устод Табаров тазмини Пайравро ба ашъори тазинии баъзе шоирони дигар низ қиёс намуда, бо ҳамин дар истифодаи суннатҳои волои адабӣ, дар маҳорату истеъдод ва қобилияти шеърсароӣ ба дараҷаи камолот расидани ин шоири ҷавони ибтидои асри хх- ро ошкор месозад.
Ҳамин тариқ, тадқиқоти мунаққид ва адабиётшинос Соҳиб Табаров роҷеъ ба ҳаёту эҷодиёти устод Рӯдакӣ ва таъсири файзбахши ашъори шоир гуногунпаҳлу ва амиқу дақиқ мебошад ва бо маъалагузорию навгонии худ дар рушду нумӯи рӯдакишиносии тоҷик саҳми муносиб дорад.
Соли 2008

пешина
аз 148
навбатӣ