Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Натиҷаи дигар аз муқоисаи мундариҷа ва сабки баёни шеърҳои мазкур бармеояд. Дар қасидаи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён»
мавзӯи асосӣ васфи Ватан мебошад, ки он ба тавассути образи амири тавоно ва муносибаташ ба пойтахти шукӯҳманди давлати Сомониён–Бухоро ҳаллу фасл гардида аст. Бинобар ин, воситаҳои тасвир ва махсусан ташбеҳ дар ифодаи ҷоҳу ҷалоли Насри Сомонӣ ва шукӯҳу эътибори Бухорои шарифи асри Х саҳми бештаре доранд:

Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон
Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме (67, 116).

Мавзӯи асосии шеъри Пайрав бошад, аз васфи дарёи Ому ва манзараҳои соҳили он иборат аст. Аз ин ҷост, ки, мувофиқи тадқиқот, аз ҳафт байти ғазали Пайрав чортоаш бевосита ба васфи Ому ва ҷои дилкашу босафо будани соҳилҳои он алоқаманд гардонда шудааст:

Соҳили Ому, фазои дилкашаш
Дар назар хулду ҷинон ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун бо ҳама ҷӯшу хурӯш,
Ҳамчу шӯхе саркашон ояд ҳаме.
Моҳиёнаш ҳамчу оҳуи Хутан,
Гаҳ аёну гаҳ ниҳон ояд ҳаме.
Даста – даста мурғҳо андар ҳаво
Сӯи Ҷайҳун корвон ояд ҳаме (43, 48).

Дар тасвири Пайрав боду ҳавои соҳили Ому ҳамчун хулду ҷинон, ҷараёни оби дарё ба сони шӯхи саркаш, моҳиёни
он монанди оҳуи Хутан ва парвози парандагон аз болои
Ҷайҳун мисли корвон аст. Яъне, шоири қарни ХХ на ба лирикаи иҷтимоӣ ва тасвири воқеӣ (чунонки дар «Бӯи ҷӯи
Мӯлиён» мушоҳида мешавад), балки ба лирикаи манзаравӣ ва тасвири романтикӣ таваҷҷуҳ намудааст, ки ин ҳолат аз ҳар як ифодаи рамзию воситаи тасвири шеъри тазминшаванда баръало маълум шуда меистад: «Дар тазмини Пайрав он чиз ҷолиби диққат аст, ки ӯ аз Рӯдакӣ, пеш аз ҳама, ҳаётӣ будани образҳо, тасвирот, бадеиёти олӣ, маҳорати ҳақиқӣ, содабаёнӣ, таносуби сухан ва санъатҳои бадеиро омӯхтааст, яъне шоир пайрави сабки бадеии Рӯдакист, вале на муқаллидонаю кӯркӯрона» (67, 117).

пешина
аз 148
навбатӣ