Муҳаққиқи соҳибмактаб

Бартарии «Феҳрасти нусхаҳои хаттии форсӣ»
(6 ҷилд) ва «Феҳраствораи китобҳои форсӣ» (15 ҷилд) ном таълифоти феҳристшиноси машҳури эронӣ Аҳмади Мунзавӣ аз феҳристномаҳои пешин дар он аст, ки мусанниф аз 85 ҷилд феҳристномаи нусхаҳои хаттии китобхонаҳои бузурги ҷаҳон истифода кардааст (30,164).
Дар давраи нав, замони густариши бемайлон ва бесобиқаи илму фарҳанги ҷаҳонӣ, феҳристнигорӣ аҳамияти боз ҳам бештар касб намуд, ба дараҷае ки ягон тадқиқоти адабиётшиносӣ, ягон куллиёти нависанда, ки ба талаботи илмӣ ҷавобгӯ бошад, бе истифодаи (мураттабсозии) масъалаҳои библиографӣ ба субут расида наметавонад.
Феҳристномаҳои адабиёти хаттӣ ва чопӣ аз рӯи таъйиноти худ ба ду навъ – феҳристҳои оммавӣ ва феҳристҳои хос ҷудо шуда, мувофиқи гурӯҳбандии нашрияҳо таснифӣ, мавзӯӣ, алифбоӣ ва ғайра мешаванд ва ҳар кадом усули хоси корбурд дошта, дар китобхонаҳо ва маъхазҳои китобнигоҳдории кишварҳои гуногуни дунё васеъ истифода мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсиси Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Фирдавсӣ ва Китобхонаи илмии марказии Академияи илмҳои Тоҷикистон феҳристнигории осори чопӣ низ ба роҳ монда шуда инкишоф ёфт. Соли 1941, то оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бори аввал ду рӯйхати тавсиявии китобҳои Китобхонаи республикавии ба номи Фирдавсӣ ба табъ расид. Соли 1955 бошад, бо саъю кӯшиши С. Тоҷиддинов ва А.Е. Маҷӣ феҳристи китобҳои мансуб ба АИ Тоҷикистон тартиб дода шуд. Минбаъд дар ин ду муассисаи бонуфузи фарҳангӣ ҳам феҳристҳои асарҳои нодир ва қадима ва ҳам феҳристҳои умумӣ васеъ ба роҳ монда шуд.
Аз ҷумла, феҳристномаҳои шахсӣ, ки аз хотирномаҳои умумӣ сар карда, то солномаи ҳаёт ва эҷодиёт, феҳристҳои китобхонаи нависанда, феҳристномаҳои дастхатҳои нависандагонро фаро мегиранд, густариш ёфтанд. Дар байни чунин феҳристномаҳо махсусан дуҷилдаи «Феҳрасти асарҳои С.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё