Муҳаққиқи соҳибмактаб

Омӯзишу пажӯҳиши аҳвол ва осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ оғоз мегирад ва дар муддати зиёда аз
80 сол дар миёни муҳакқиқони шинохтаи фарҳангу адаби тоҷик фарде нест, ки ягон паҳлуи осори боқимондаи падари адабиёти форсу тоҷикро мавриди баҳсу баҳрабардорӣ қарор надода бошад.
Мунаққид ва адабиётшиноси маъруф Соҳиб Табаров дар ҷараёни фаъолияти доманадори илмӣ борҳо ба осори гаронбаҳои устод Рӯдакӣ муроҷиат карда, ба ин восита ақидаҳои адабӣ- эстетикӣ ва танқидии хешро тақвият додааст. Аз ҷумла, мунаққид дар хусуси табиати номатлуби нақди адабии ғаразнок сухан ронда, пайдоиши ин навъи нақдро баробари ба вуҷуд омадани адабиёти бадеӣ медонад ва барои тасдиқи фикр ба нақди эҷодиёти Рӯдакӣ истинод мекунад: «Ин фикрро дар мисоли баҳои гуногун ва мухталифу мутафарриқ додан ба қасидаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ «Бӯи ҷӯи Мӯлиён…» барин шеърҳои машҳур аз тарафи назариячиёну мунаққидони ҷудогонаи асрҳои миёна ва муосир… тасдиқ кардан мумкин аст» (48, 213-214).
Устод Табаров дар мақолаҳои «Рӯдакӣ» (1947), «Рӯдакӣҳамзамони мо» (1958) ва «Тазмини Пайрав ба як қасидаи Рӯдакӣ» (1976) ҳаёту эҷодиёти султони шоирони форсу тоҷикро мавриди тадқиқи муфассалу амиқ қарор додааст.
Ҳар яке аз ин се мақола дар солҳои гуногун навишта шуда, дорои вазифа ва муҳтавои муайяни илмӣ мебошанд.
Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, масъалаи мактабу маориф ва таълими фарогири насли наврас дар мадди назари давлату ҷомеа қарор гирифт ва устод Табаров дар вазъияте, ки муаллимон ва мактаббачагон ба китобҳои дарсӣ ва дигар манбаъҳои иттилоотӣ эҳтиёҷ доштанд, дар саҳифаҳои рӯзнома ва маҷаллаҳо оид ба аҳволу осори намояндагони барҷастаи адабиёти ғановатманди тоҷик мақолаҳои зиёде дарҷ намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё