Муҳаққиқи соҳибмактаб

Танҳо соли 1947 дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» бо сарлавҳаи умумии Бузургони мо «Абулқосим Фирдавсӣ», «Абӯалӣ Сино», «Носири Хусрав», «Рӯдакӣ», «Саъдии Шерозӣ», «Умари Хайём» барин мақолаҳои муҳаққиқ ба табъ мерасанд, ки ба хонандагони синни миёнаи мактабӣ нигаронида шудаанд. Дар мақолаи «Рӯдакӣ» ба таври содаву фасеҳ чанд шеъри қофиласолори адабиёти форсу тоҷик таҳлил гардида, насли наврас ба омӯхтан, тасҳеҳи ҳаёту фаъолият ва кашфи асрори эҷодиёти шоир ҳидоят мешавад.
Муаллиф дар шинохти шахсият ва эҷодиёти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ азму талоши устод Айниро намунаи ибрати ҷавонон дониста, таъкид мекунад, ки: «То солҳои охир қабри Рӯдакӣ ҳам маълум набуд. Қабри вайро дар соли 1941 нависандаи ордендори тоҷик С. Айнӣ дар натиҷаи ҷустуҷӯи бисёр дар қишлоқи Рӯдаки райони Колхозчиён ёфтааст» (64,3).
Соли 1958 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 1100- солагии бузургдошти соҳибқирони шоирон устод Рӯдакӣ таҷлил гардид. Ба ин муносибат асру мақолаҳои зиёди илмӣ ва илмию оммавии донишмандоне чун Абдулғанӣ Мирзоев, Шарифҷон Ҳусейнзода, Холиқ Мирзозода, Расул Ҳодизода, Муҳаммадвафо Бақоев, А.Н.Болдирев, Михаил Занд, А.А.Гваҳария, Камол Айнӣ ва дигарон ба табъ расиданд. Устод Табаров низ ба муносибати ин ҷашни бошукӯҳ мақолаи муфассале навишт, ки дар он паҳлӯҳои таърихӣ, иҷтимоӣ, эстетикӣ ва тарбиявию ахлоқии осори боқимондаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба тадқиқ омадааст. Ба қавли мунаққид, сирри чун нобиғаи фарҳангӣ эътироф шудани ин фарзанди барӯманди тоҷик дар он аст, ки ӯ дар қатори Гомер, Софокл, Аристотел, Эсхил, Горатсий, Данте, Сервантес, Шекспир, Гёте, Пушкин, Чернишевский барин абармардони тамаддуни ҷаҳонӣ ифодагари ғояҳои олӣ, афкори пешқадам ва ахлоқи ҳамидаи умумиинсонӣ мебошад (67, 95).
Устод Табаров пеш аз он ки ба таҳлилу тадқиқи мушаххаси ашъори Рӯдакӣ шурӯъ намояд, мавқеи шоирро дар адабиёти тоҷик, аз ҷумла дар байни ҳамасронаш таъкид мекунад ва бо ҳамин мартабаи адибро чун поягузори адабиёти зиёда аз ҳазорсолаи форсӣ муайян менамояд: «Ҳанӯз то сар шудани эҷодиёти Рӯдакӣ дар сарзамини Мовароуннаҳр ва Хуросон даҳҳо шоироне буданд, ки ба забони форсӣ- дарӣ шеър мегуфтанд, вале дар ин соҳа ҳеҷ кадоми онҳо дар мазмун ва мундариҷа, дар маҳорат ва қобилият, дар санъат ва бадеиёт, дар ҳаҷм ва миқдори байтҳо, дар ихтирои шаклу жанрҳои адабӣ, дар тартиб додани девони ашъор ба дараҷаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нарасида буданд» (67, 96).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё