Муҳаққиқи соҳибмактаб

ТАБАРОВ
Ашъори Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рӯдакӣ, агар андешаҳои ҳамзамонони одамушшуароро ба ҳисоб гирем, зиёда аз 1000 сол боз мавриди омӯзишу пажӯҳиши олимону суханварони ватанию хориҷӣ қарор доранд.
Аз ибтидои асри ХІХ ашъори боқимондаи устод Рӯдакӣ таваҷҷуҳи шарқшиносони аврупоӣ ва баъдтар, русро ҷиддан ҷалб намуд ва донишмандони бузурге чун Амеде Журден, Ҳаммер, Ҳ. Эте, Т.Нёлдеке, Шеффер, Э.Браун, Р. Николсон, У. Ҷексон, Р. Фрай, Ян Рипка, В.В. Бартолд, А.Е.Кримский, А.А. Семёнов, Е. Э.Бертелс осори султони шоирони форсу тоҷикро ба забонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ тарҷума карда, баҳри тадқиқи муфассали ин ганҷинаи маърифат камари ҳиммат бастанд. Донишманди тоҷик Аълохон Афсаҳзод оғози давраи нави тадқиқи зиндагинома ва осори устод Рӯдакиро аз «Рӯдакӣ–шоири Сомониён»(1873) ном мақолаи мутафаккири немис Ҳ. Эте дониста, таъкид кардааст: «Эте аз 23 маъхаз осори Рӯдакиро ҷамъ оварда, онро ба немисӣ тарҷума кард.
Ӯ масъалаи кӯри модарзод будани Рӯдакиро ба зери шуҳба гирифт ва баъдан олимон дар хусуси ҷиҳати тарҷумаи ҳоли Рӯдакӣ баҳс оростанд»(9, 73).
Аҳвол ва осори устод Рӯдакӣ аз охирҳои асри Х1Х сар карда дар таълифоти Шиблии Нуъмонӣ, Ризозода Шафақ, Забеҳуллои Сафо, Бадеуззамони Фурӯзонфар барин донишмандони шинохтаи Шарқ низ мавриди баррасии амиқ қарор гирифтааст. Асари сеҷилдаи профессор Саид Нафисӣ «Аҳвол ва ашъори Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакии Самарқандӣ» бошад, чун тадқиқоти бунёдӣ боиси ба марҳалаи тоза ворид гардидани рӯдакишиносӣ гардид.
Дар адабиётшиносии давраи нави тоҷик ба устод Рӯдакӣ ва ашъори ӯ аз нимаи солҳои 20-уми садаи ХХ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир гардид. Баъди таъсиси Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон(1924) халқи аз беадолатиҳои сиёсӣ ҷабрдидаи тоҷик бо аввалин имконияти мусоиди фарҳангӣ масъалаи бунёди Рӯзи Рӯдакиро ба миён гузошт ва, ба қавли Камолиддин Садриддинзода Айнӣ, «бе ҳеҷ муболиға метавон гуфт, ки номи Рӯдакиро якҷоя бо номи халқи тоҷик ҷумҳурии навбунёди мо дубора зинда кард ва ҷовидонии ӯро пойдор гардонид(2,56).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё