Муҳаққиқи соҳибмактаб

Мунзим, ки худ хушхату хаттоти машҳур буд, дар маснавии «Дар бораи алифбои наву куҳна» аз зарурат алифбои арабиасосро наҳ мезанад, онро ҳамрангу шабеҳи туркони золим медонад ва мақоми таърихиву адабии алифбои мазкурро паст мезанад, бо вуҷуди ин маснавии мазкурро, ба андешаи устод Табаров, «яке аз намунаҳои нахустини ашъори илмиву бадеӣ ва илмиву оммавии Абдулвоҳиди Мунзим дар назми шӯроии тоҷик шуморидан мумкин аст»
(55, 176).
Шеърҳои баъди инқилоби Октябр, аз ҷумла ғазалҳои замони шӯравии Мунзимро таҳлил карда, устод Табаров ба чунин хулоса меояд, ки шоир ашъори хешро мувофиқи талаботи қатъии давра ва шароити таърихии замони худ эҷод кардааст ва чунин вазъи ноҳинҷори адабӣ (яъне ҳар он чизе, аз ҷумла асари адабиву бадеие, ки бо номи сотсиализм алоқаманд буд, аз ҳама чизҳои гузашта беҳтар шуморида мешуд) услуби бадеии нигориш ва муассирии ифодаро халадор карда, боиси ба бозёфтҳои бадеӣ муваффақ нашудани шоир гардидааст (55, 180).
Умуман, дар тадқиқу баррасии муфассалу холисонаи устод Табаров, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим бештар чун шахсияти барҷастаи маорифпарвар, инқилобчӣ ва муборизи зиндагии огоҳонаву арзандаи халқи тоҷик ба назар мерасад, ки дар давраи мураккабу аз нигоҳи сиёсӣ пурталотуми се даҳаи аввали асри XX ҳамеша дар сафи пеши қувваҳои солиму пешбари ҷомеа қарор дошта, дар таърихи нави фарҳанги ҷомеаи тоҷик саҳми басо арзишманду муносиб гузоштааст.
Соли 2009 УСТОД РӮДАКӢ ДАР ШИНОХТИ С.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё