Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва ба чунин хулоса меояд, ки мазмуну муҳтавои қасидаи «Мактаб», ки дар китоби «Раҳбари хат» ворид гардидааст, шеърҳои устод Айниро дар асари «Таҳзиб-ус-сибён» ба хотир меорад ва ин ду маорифпарвар тавассути шеърҳои китобҳои дарсиашон «тамоми камолоти ҷисмонӣ, фикрӣ ва рӯҳию ахлоқии ҳар як фардро ба тарзи таълиму тарбия дар мактаби усули ҷадидӣ алоқаманд медонанд» (55,122).
Умуман, қасидаи «Мактаб» ба бедории миллӣ ва худшиносии мардуми тоҷик нигаронида шудааст:

Барои рафъи амрози ҷаҳолат ҳаст омода,
Зи шаҳди илму ирфон шарбати унноб дар мактаб
Илоҳӣ, ташнагони маърифат– авлоди миллатро,
Ба лутфат аз зулоли илм кун сероб дар мактаб.

Мувофиқи тадқиқоти устод Табаров, шеърҳои Мунзим дар арафаи инқилоби Октябр ва баъд ба рӯҳи замон ва сиёсати давр зиёда мувофиқат карда, оҳанги гражданиву иҷтимоӣ ва тарзи баёни публитсистиву хитобӣ мегирад.
Fазали «То ба кай» мисли шеърҳои «Марсия» ва «Суруди озодӣ»-и Айнӣ, «Хитоб ба фуқарои Бухоро»-и Ҳамдӣ, «Як тахаттури алим»-и Фитрат ифодакунандаи талаботи сиёсӣ ва мавқеи синфии муаллиф мебошад. Ба гуфти муҳаққиқ:
«Гарчанде ки хонандаи имрӯза «Хез, то резем хуни золимон мардонавор» барин мисраъҳои мантиқан камқимати Мунзимро қабул намекунад, аммо вақте ки ба чунин мисраъҳо ҳамчун ба далелҳои мушаххасу муайяни таърихиву адабӣ ва иҷтимоии замони гузаштаи ҷамъияти Бухоро эътибор дода мешавад, бо ростиву ҳақиқати афкори синфию сиёсӣ ва иҷтимоии шоир бовар кардан мумкин аст» (55, 139).
Чун мавод ва чун падидаи мушаххаси таърихӣ арзи вуҷуд кардани осори баъдиинқилобии Мунзимро аз маснавии «Дар бораи алифбои наву куҳна» ва достони «Инқилоби ҳоли деҳқонон – зафари пахтакории онон» низ мушоҳида кардан мумкин аст.

пешина
аз 148
навбатӣ