Муҳаққиқи соҳибмактаб

Ҷолиб аст, ки ҳангоми сафари Олмон Мунзим «Қизбола ё ки Холида» ном китоби хониши адабии устод Айниро, ки мусанниф барои мактабҳои ибтидоии духтарона таълиф карда буд, дар ширкати «Ковиён»-и Берлин бо хароҷоти пули шахсии худ дар ҳаҷми 20 саҳифа 2 январи соли 1924 чоп мекунад. Устод Табаров сафари якунимсолаи Мунзимро ба Олмон (аз июни соли 1922 то январи соли 1924) муфассал мавриди баррасӣ қарор дода, таъкид мекунад, ки «як худи ҳамин хидмати Мунзим дар тарбия ва таълими фарзандон барои ҳазорҳо волидон ва махсусан тоҷикпадарон асрҳои аср намунаи ибрат шуда метавонад»
(55,92).
Фаъолияти фарҳангӣ ва равшангароии Мунзим аз соли 1925 дар Самарқанд чун муҳаррири шуъбаи самарқандии Нашриёти давлатии Тоҷикисон ва аз соли 1928 дар Душанбе чун ноиби раиси (раис Нусратулло Махсум) Комиссияи ҷорӣ кунондани алифбои лотинӣ, ходими варзидаи соҳаи маориф ва матбуот идома меёбад ва дар ин айём мақолаҳои зиёд навишта, дар мубоҳисаҳои илмӣ фаъолона ширкат меварзад.
Мутаассифона, мувофиқи тадқиқи устод Табаров, аз оғози соли 1933 нуқтаи назари танқиди вулгарӣ ва субъекивӣ нисбат ба эҷодиёти Мунзим ба мисли эҷодиёти Муинзода, Ҳамдӣ, Сарвар, Зеҳнӣ, Азизӣ, Комилӣ ва монанди инҳо тадриҷан меафзояд» ва ҳатто устод Лоҳутӣ, ки он вақтҳо дар Маскав мезист, фирефтаи баъзе мақолаҳои иғвогаронаи матбуоти Тоҷикистон шуда, Мунзимро чун яке аз роҳбарони ҳаракати панисломии Осиёи Миёна ба қалам медиҳад (55,97). Ва ин доғи сиёҳ («душмани халқ» будан) на танҳо ба Мирзо Абдулвоҳид, инчунин ба фарзандонаш – Раҳим ва Рашид низ басо гарон меафтад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё