Муҳаққиқи соҳибмактаб

Самти дигаре, ки ҳам дар мақолаҳои «Барге чанд аз шаҷараи Мунзим» ва «Раҳбари хат»-и Мунзим» ва ҳам дар тадқиқоти минбаъдаи устод Табаров мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтааст, фаъолияти маорифпарварӣ ва равшангароии Абдулвоҳиди Мунзим мебошад. Муҳаққиқ зимни таҳлили заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаракати таҷаддудхоҳии ибтидои садаи XX дар Бухоро ба чунин хулоса меояд, ки «Мунзим дар ин замон яке аз сарварони намоёни ҳаракати маорифпарварӣ ва роҳбарони намоёни ҳаракати ҷадидӣ мегардад ва қисми маорифпарварон ва озодихоҳони Бухоро дар атрофии ӯ гирд меоянд» (59, 21).
Дар ҳақиқат, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим дар байни ҳамаслакони худ, чун Садриддин Айнӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ, Абдухалилмаҳдум, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ, Мирқодирмаҳдум, Усмон Хоҷа, ки дар даҳсолаи аввали асри XX таваҷҷуҳи ҷомеаро ба мактабҳои усули ҷадидия ва тарзи нави таълим ҷалб карда буданд, дар мақоми сарварӣ ва мавқеи раҳнамоӣ қарор дошт. Моҳи ноябри соли 1908 дар Бухоро дар хонаи Мунзим аввалин мактаби усули нав кушода шуд, ки дар он Мирзо Абдулвоҳид мудир ва муаллими аввал буд ва барои талабагони ин мактаб нахустин китоби алифборо бо номи «Раҳбари хат» таълиф намуд. Ва вақте ки 26 сенябри соли 1909 мактаби усули ҷадидия аз тарафи ҳукуматдорони Бухоро расман баста мешавад, 1 декабри соли 1910 бо сарварии Мунзим ҷамъияти махфии «Тарбияи атфол» таъсис меёбад, ки дар низомномаи он «Халқро ба ислоҳоти умумӣ ташвиқ кардан, фасодҳои тарзи идораи амирро фош намудан, аҳолиро бар зидди ин идораи золимона барангехан» навишта шуда буд.
Ин барнома баъдҳо чун қисми таркибии фаъолияти фарҳангӣ ва иҷтимоии Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим арзиш пайдо мекунад ва дар даҳаи дуюми асри XX вобаста ба вазъияти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Бухоро боз ҳам такмил ёфта, тамоми мақсаду мароми ҷамъияти ҷавонон ва фирқаи ҷавонбухориёнро фаро мегирад. Мунзим, аз ҷумла, тавассути ба хориҷа, махсусан ба Туркияву Олмон, барои хондан фиристодани ҷавонони соҳибистеъдод, ҳатто соли 1922 ба Олмон бурдани 44 нафар ҷавонони лаёқатманд, ки дар байни онҳо писаронаш – Раҳим ва Рашид низ буданд ва дар макабҳои немисзабони Берлин ҷой кардани онҳо, инчунин мусоидат ба чопи асарҳои маорифпаварону озодфикрон, таъсиси кутубхонаи «Маърифат» ва ширкати «Баракат» дар роҳи инқилоби фарҳангии ҷомеаи тоҷикони ибидои асри XX кӯшишҳои бедареғ намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё