Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фоҷиаи ба сари Мунзим омада бозгӯи фоҷиаи аксари кулли зиёиёни тоҷик дар солҳои мудҳиши 30-юми садаи XX мебошад, ки реша дар сиёсати худкомаи мамлакати шӯравӣ дорад. Вале кору пайкори ин шахсияти барҷаста дар назди халқи тоҷик ва Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон басо арзишманд буда, ҷанбаи амиқи омӯзандагӣ дорад. «Мунзим,
– қайд мекунад устод Табаров фаъолияти маорифпарварӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ин шахсияти воломақомро хулоса карда,
– дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва адабиву фалсафии тоҷики оғози асри XX ҳамчун давомдиҳандаи афкори сиёсиву ҷамъиятӣ ва иҷтимоиву фалсафии маорифпарварони тоҷики охири асри XIX ба сарварии Аҳмадмахдуми Дониш баромад мекунад ва бо созмондиҳии ҷамъиятҳои ҷавонону «Тарбияи атфол», таъсиси рӯзномаву муассисаҳои маданиву равшаннамоӣ ва махсусан фирқаи ҷавонбухориён дар ин давраи нави таърихӣ равияи он маорифпарваронро ба система ва ба шакл медарорад» (55, 183).
Тадқиқоти устод Табаров оид ба фаъолияти адабии Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим низ басо густурда ва фарогир мебошад. Муҳаққиқ заминаҳои илмию адабии фаъолияти эҷодии Мирзо Абдулвоҳидро ёдрас шуда, аввалин шеърҳои ӯро ба солҳои 1896-1897 мутааллиқ медонад. Минбаъд фаъолияти эҷодии адиб рӯз то рӯз инкишоф ёфта, то охири умри адиб идома меёбад. Мутаассифона, Мунзим осорашро гирдоварӣ накардааст ва, ба гуфти устод Табаров, « ба тавассути тазкираву баёзҳо ва баъдтар маҷаллаву рӯзномаҳо ва ҳатто китоби алифбои худи Мунзим барои мактабҳои усули ҷадид– «Раҳбари хат» баъзе аз намунаҳои ашъори давраи тоинқилобии ӯ дастраси хонандагони имрӯза ва оянда гардидаанд» (55, 107).
Маълум, ки Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим дар баробари назм ба наср низ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Вале устод Табаров асосан ба назми адиб эътибор додаст ва ашъори Мунзимро ба ду давра – то инқилоби Октябр ва баъди инқилоби Октябр ҷудо карда ба тадқиқ гирифтааст. Ашъори Мунзим дар шаклҳои ғазал, қитъа, рубоӣ, маснавӣ, фард, чаҳорпора ва тарона эҷод шудаанд, вале таҳлил бешар ба жанри асосии осори шоир – ғазал равона шудааст.

пешина
аз 148
навбатӣ