Муҳаққиқи соҳибмактаб

Аз номгӯи мақолаҳои муаллифони ватаниву хориҷӣ мақоми С.Табаров чун донишманди варзидаи давр баръало намоён мешавад.
Дар қисмати «Нишондоди алфавитии асарҳои С.Ш.Табаров» таълифоти устод ва осори таҳриру таҳиякардаи ӯ бо тартиби алифбо аввал бахши ба забони тоҷикӣ ва баъд бахши ба забони русӣ таълифёфта оварда шудаанд. Ин осорнома бо қисмати «Нишондоди номҳо»
анҷом меёбад ва он бо усули феҳристнигории илмӣ батамом мувофиқат карда намунаи хуби феҳристномаи шахсӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки фаъолияти илмию танқидии С.Ш.Табаров баъди соли 1984 боз ҳам густариш ёфт ва баъди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мақолаҳои сершумор асарҳои бунёдиву арзишманди устод пай дар пай чоп шудан гирифтанд. Аз тарафи дигар, номгӯи як қатор мақолаҳое, ки то соли 1984 чоп гардида буданд, дар осорномаи аввал қайд нашудаанд. Масалан, дар осорномаи пешин дар қатори мақолаҳои соли 1951 дарҷгардида се мақолаи устод – «Ёзучи олим»: дар бораи С.Айнӣ («Қизил Тоҷикистон», 1949, 25 сентябр), «Дар бораи «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ» («Тоҷикистони сурх», 1949, 6 сентябр) ва «Мактаби калони эҷодӣ» («Тоҷикистони сурх», 1949, 30 ноябр) ном бурда нашудаанд.
Зиёда аз ин, дар феҳристномаи шахсии пешин бахши «Роҳбарӣ ба диссертатсияҳои номзадӣ» ҷой дода нашудааст.
Ҳол он ки аз ҳафт рисолаи номзадие, ки бо роҳбарии устод Табаров навишта шудаанд, дифои шаштои он то соли 1984 сурат гирифтааст. Бинобар ин, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки соли 2003 осорномаи устод Табаровро аз нав бо иловаи таълифоти минбаъдаи муаллиф чоп намоянд. Ба гуфти муҳаррири ин осорнома профессор А.
Маҳмадаминов, «усули ҷой додани маводҳо аз феҳристи соли 1984 тафовуте надорад. Бинобар ин, дар ин нашр ҳам феҳраст, ҳам аппарати ёрирасон, ҳам нишондоди алифбоии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё