Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

асарҳои С.Ш.Табаров ва ҳам нишондоди номҳо дар асоси библиографияи соли 1984 ба шакл дароварда шудаанд»
(23,2).
Ин аст, ки осорномаи дувум аз шумораи тартибии 570 оғоз гардида, дар он аввал маводи аз осорномаи пешин берун монда бо тартиби солҳои чопшуда ҷой дода мешавад.
Ҳамчунин, дар осорномаи дувум бахши «Роҳбарӣ ба диссертатсияҳои номзадӣ» илова гардидааст, ки он рӯйхати фишурдаи рисолаҳои номзадиро бо номгӯи муаллифону мавзӯи тадқиқот ва соли дифоъ фаро гирифтааст. Ҳамин тариқ, дар ду барориши осорнома (солҳои 1984 ва 2003) миқдори таълифот ва асарҳои таҳриру таҳиякардаи домулло Табаров ба 733 ва адабиёту қайдҳои оид ба ҳаёт ва фаъолияти устод ба 241 номгӯй расидааст.
Устод Табаров дар даҳ соли охир, чунонки ба донишмандони ин синнусол хос аст, ба навиштани мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ кам таваҷҷуҳ намуда, асосан ба таълифи асарҳои бунёдӣ (чун «Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ»
(1875-1899)), ки аз сӣ ҷузъи чопӣ иборат аст, таҳриру такмил ва таҷдиди назари баъзе асарҳои пештар чоп гардида (чун «Пайрав Сулаймонӣ», ки бори аввал соли 1962 дар ҳаҷми 25 ҷузъи чопӣ ба табъ расида буд) ва нашр кардани асарҳои то ҳол рӯи чопро надида (чун «Романи «Ғуломон»-и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ», ки солҳои 1947-1948 таълиф ёфтааст) машғул мешавад. Ҷолиб аст, ки ҳангоми ба тартиб овардани бойгонии хеш устод боз ба якчанд хабару мақолаи дар матбуоти даврӣ чоп гардидааш, ки дар ду барориши пештараи осорнома ном бурда нашудаанд, дучор мешавад ва номгӯи онҳоро (чун хабарҳои «Кӣ гуфтааст? – «Ҷавонони Тоҷикистон», 1945, 31 октябр, «Тайёрӣ ба мусобиқаи гимнастикӣ» - «Газетаи муаллимон», 1941, 24 апрел ва мақолаҳои «Нависандаи бузурги рус» - «Блокноти агитатор», 1964, №5, -С. 243-244») дар ҳошияи нусхаи кории китоби аввали осорнома қайд мекунад.
Бо ибтикори шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни мубораки 90-умин солгарди устод Табаров осорномаи пурраи ин донишманди басо сермаҳсул зери назари академик Носирҷон Салимов мураттаб ва чоп карда шуд ва ҷолиб аст, ки ин осорнома аз ду феҳристномаи пешин бо мукаммалӣ ва муназзамии мавод фарқ мекунад.

пешина
аз 148
навбатӣ