Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман акнун мечаронам раммаи абри баҳоронро,
Парешон мекунам ҳар сўй атри резаборонро,
Шамими зиразоронро.

Ман акнун шеър хоҳам хонд, Бар ҳар як шаддаях чун гўшвори тарма байти тоза хоҳам монд Ба чашми ман зи хатти киштаҳои лалмии теға На торон, шеър мехезад, Ба рўи саҳфаҳои майсаи гандум На борон, шеър мерезад.
Ба чашмам шеър мерақсад, на лола, Ба чашмам шеър механдад, на ёла.

Ман акнун ҳамчу рўди маст Қади роҳи Тагоб афтону хезон роҳ мепўям, Ки бар гулҳои соҳил рози дил гўям.
Раҳораҳ мешавам ҷамъу парешон, Гаҳе бо худ ҳамепечам, Гаҳе аз худ гурезонам, гурезон.
Сари пайроҳаи гумкардаамро дар хаёли хеш меҷўям.

Баҳороне агарчи рафт,
Баҳорони дигар ояд,
Замин дарвозаи субҳи гулафшонро ба рўям боз бикшояд, Ва ман кўҳу даманро боз бо чашми гули худрўй Ба ранги тоза мебинам, Маҳи навро ба рўи ахтарони субҳ Зи боми коза мебинам.

пешина
аз 264
навбатӣ