МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

БАЗМИ ТИРАМОҲ
Духтаре хушқадду баст
Шохҷорўбе ба даст,
Рўфта барги хазон
Месарояд паст-паст.
Барг резон
Бар сару бар рўи ў,
Барг лағжон
Дар хами абрўи ў,
Барг овезон ба нўги пилтаҳои мўи ў.
Кокулони майдабофаш
Шаддаи барги хазон.
Гўиё ў наварӯс аст,
Тўй дорад поизон.
Гўиё ин дам дарахтон
Бар сараш парвозапошон
Мебарандаш то таги тор,
Бо суруди селаи сор.
Бо ҳавои чорқарси панҷаҳои шохсор.
Базм тафсон,
Бод рақсон,
Шохаҳо сармасти ҷавлон.
Духтарак шоду ғазалхон,
Дар рухи ў лолазорон,
Боғи оғўшаш пур аз фасли баҳорон.
Симу зарри баргрез
Зери пош аммо парешон...
ДАР ВАСЛИ РЎЗУ ШАБ
Домоди рўз мебарад шабро чу наварўс,
Дар кўчаҳои Каҳкашон базми ситораҳост,
Шаббода месарояду арғушт меравад,
Маҳтоби якка машъали тўёнаи самост.
Дасти сапеда мешавад аз гўшае дароз,
Пироҳани сиёҳро шаб мекашад ба ноз,
Гўӣ зи оразаш шафақ аз шарм медамад,
Вақте ки рўз мекунад банди қабош боз.
Маҳро ба ақди хештан шоҳид намуда шаб
Пас бистари арўсиро тамҳид мекунад,
Аз васли рўз мешавад обистану чу тифл
Хуршеди тозаро яке тавлид мекунад.
ШОДКОМ
Баҳороне агарчи рафт,
Баҳорони дигар ояд,
Набишкастам хумореву хумори тозатар ояд,
Ман акнун чун гули худрўй
Зи боми коза мерўям,
Саҳар дар обшорони сапеда рўй мешўям,
Кўҳистонро ба рўзи нав муборакбод мегўям.
Ман акнун мекушоям банди дилро, Шамоли ағбаро бо бўи гул шобош хоҳам гуфт, Ман акнун бо насими раҳгузар ҳамроҳ хоҳам шуд, Ва фарши махмалини сабзазоронро ба нўки мижжа хоҳам руфт.
Ман акнун сабзаҳои толаи шахро
Чу ёлу боли хинги бод бинвозам, Савори бодпое маст сўи ёлаҳо тозам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё