МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Туро шўхоби кўи арчазорон медиҳад ово,
Чу гумҷўе туро кабкони рав дар ёлаҳо ҷўё,
Туро чун гиряҳои тифли бемодар кунад дилреш
Шамоли кўҳ агар орад фиғони баррае шабҳо.
Хаёлат, дар сари ағба паёпай барф меборад,
Ва чўпон барраро чун тифл дар оғўш медорад,
Дилат чун ҳезуми арча ба ёди рамма месўзад,
Ҳавои ту ҳавои теғаро бар гиря меорад.
ВАЗЗАКАШ
Ман ба ранги суғдиёни сахткўш
Мепажўҳидам басе дар новҳо,
Дар нишебу дар фарози зовҳо
Ҳезуме, ки бодҳояш канда пўст,
Ҳезуме, ки офтобаш дода ранг.
Ман ба кирдори басо мардони Суғд
Ваззаи ҳезум кашидам аз сари кўҳи баланд,
Аз ситеғи яхчарези Истаманд,
Баста-баста ваззаро бо ресмони навдаҳо,
Зеб дода раҳ ба раҳ бо парниёни шиппаҳо.
Вазза гоҳе мефуромад тирвор,
Гоҳ чун оҳу ба доми решае мешуд гирифтор.
Корди шах гар ресмонаш мебурид,
Аз сари дастам яке ранги паранда мепарид.
Вазза мешуд гоҳ-гоҳе кандманд,
Ҳамчу тарма пош мехўрд,
Ҳушу ёдам мепароканд.
Лек ҳамчун суғдиёни сахтҷон
Боз будам ваззамон.
Боз аз тагвазза ҳамчун шохи оҳу мекашидам,
Боз то ҷон дар танам буд,
Меҷаҳидам, метапидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё