Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ва дар ту нармии гулсанги рӯи решаҳои печ-печон буд,
Ва нармии навозишҳои гулбоди гулафшон буд...

Туро бо ин ҳама хубӣ куҷо такрор хоҳад кард
Яке ҳарчанд гулпўшу саропо чашмаи нўш аст,
Яке ҳарчанд лабрезони оғўш аст?
Туро бо ин ҳама хубӣ в-агар такрор хоҳад кард,
Маро, ҳаққо, ба худ хушдор хоҳад кард.

ПАЙВАНДИ КЎҲ

Падар, медонамат ошуфтаӣ аз кори фарзандон,
Ки ҳар як аз паи шуғли дигар рафту нашуд чўпон,
Ту танҳо мондию шабҳо ҳаёҳуи ту мепечид
Ба савти шевани бўрону авҷи нолаи гургон.

Ту танҳо мондию баҳри тасалло аз сари ҳар санг
Ҳамоҳанги ту буд шабҳо чаковакҳои шабоҳанг,
Ту танҳо мондию шабҳо ба сўи ту фиғон мекард
Шамоли ағба ҳамчун подаҳои бораи шабранг.

Басо шаб, ки парешон буд рама дар раҳгузори бод,
Шабехун дошт гурги маст, агарчи мезадӣ фарёд,
Басо шаб бистарат аз барф буду болинат аз санг,
Басо пиронасар ранҷу такопўят ба сар афтод.

Ва рўзе раммаро монда ба ҳамроҳони ҳампеша,
Бубастӣ аз чарогаҳ кўчу боратро ба андеша:
“Дигар чун пирях бояд зи тори қулла по кандан,
Чу бурси пир мебояд дигар бархост аз реша”.

Ту ҳайрону асо ҳайрон кунун дар гўшаи айвон,
Бар армон дида медўзӣ ба он хўрҷини овезон,
Ту ҳайронӣ, ки дигар чакмани ту ях намебандад,
Шарори гулханат дигар нарезад бар лаби домон.

пешина
аз 264
навбатӣ