МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Туғрали ашъори Туғрал
Дар самои авҷи маъниям кушояд болу пар.
Ахтари пуртоби Дониш тобадам пурнуртар.
Лек гашти осиёчархи фалак яксон набуд,
Хира мегаштӣ дамодам осмони фазлу дониш.
Тира будӣ гоҳ-гоҳе баҳри хоб аз хокбориш,
Баски аз хоки Аҷам бо турктози асрҳо
Печутобе зад паёҳам гарди яғмо бар ҳаво.
Эй басо омад ба сар огифти тўфон,
Санги ғорат шишаҳои равзани амвоҷ бишкаст,
Риштаҳои рангаи нури умед
Бар бисоти ориёну бар атоёи ниёгон
Аз дами теғи фарешу ханҷари тороҷ бигсаст.
Лек умре бо ҳама носозгории замон, Бо ҳама ноогаҳиву ҷаҳлу нисён, Бо ҳама ҷадгораву радду бадал, Бо ҳама фажғандии аҳли дувал Баҳри хобам хештанро дам ба дам полуда мекард, Обгини обҳоро вижа аз олуда мекард.
Лек ҳайфо, қарни бистум Гарчи аз доми наҳанги оли манғитам раҳонд, Худ маро дар ҳалқаи ваҳшат нишонд:
Баҳри хобам шуд лаболаб аз варақҳои парешони кутуби аҳли имон, Ки бияфкандӣ ниҳон аз бими ҷон, То раҳо бошад зи эъдом, В-аз балои гирудори бехудоён.
Ал-амон аз қарни бистум!
Бар сарам заҳроб рехт.
Фораву лойоб рехт.
Хомройӣ чун наҳанге ҷумла хому норасид

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё