МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Моҳиёни баҳри хобамро ба коми худ кашид.
То бихушкад баҳр андар хушксор,
Пунбазори Ӯзбакистон
Рўдборонро ба доми худ кашид.
Чанг мезад бар гиребонаш аҷал,
Аз қазояш бар сар омад қисмати талхи Арал.
Шуд сияҳ пироҳани амвоҷи он
Дар азои фарру афранги Аҷам,
Чини мавҷи ҷабҳаи баҳр аст ожанги Аҷам,
Балки баҳри хоби ман монад ба гўристони
Фарҳанги Аҷам.
Баҳри хобам пур зи оҳак буду оҳан,
Пур зи хишту симхору шишапора,
Пур зи нафту коғази партовии садҳо раёсат,
Дафтари нисёнии садҳо вазорат,
Бастаи пур аз ҳисоби саргуми садҳо идора.
Оваҳ, оваҳ,
Чун ғариқе дасту пое мезадам
Дар миёни обгирди коғазии пур зи фармон,
Пур зи қонуну қарору қойида,
Нутқҳои пур зи ҳазён,
Нақшаҳои сар ба сар бефоийда,
Вазъҳое дар санои қудрати болонишин,
Муждаҳои бас дурўғин,
Ваъдаҳои бас ҳавоӣ,
Лофҳои худнамоӣ.
Ҷабҳаам буд тамғакўбу бас мунаққаш
З-обу ранги мўҳрҳои гербдори бас райис,
Сарнавиштам сабт мешуд дар қарори бас маҷолис.
Эй басо дар соҳили ин қулзуми гандидаоб
Пашшаи бегонаёрӣ хуни миллат мемакид,
Чангаки ноҳақшиносиҳо зи ҳалқам мекашид,
То забонам дар кашокаш медарид.
Оҷизе будам басе дар гуфтани ҳарфи дарӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё