МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Боз бикшояд дари дигар суви дорулбақо,
Боз пошад рўшаноӣ
К-аз расадгоҳи нигоҳам
Боз тобад аз самак то бар само.
Чор аркон тобадам дар холигоҳи шашҷиҳат
Парваришгоҳи ҳавоси панҷгона,
Маҳзари шеъру тарона.
Дил рабояд зери нўҳ айвони чархи нилгун
Тоқҳои кисравию қасри зебои Мадойин,
Бесутуну кохи зеваркўби Ширин,
Озарахши озаранги Озаройин.
Оли сосону шукўҳи ҳафт аркони хазойин,
Оли сомону фурўғи фазл дар Машриқзамин.
Рўи Фирдавсии Тўсӣ боз фирдавсам битобад,
К-андар он афканда пай чун боргоҳи ҳуриён
Кохи назме, ки бисояд сар ба авҷи қудсиён
Бо дурахши гурзи Рустам,
Бо дирафши ковиён.
Баҳри хобам бо ҳама паҳноварӣ гунҷад ба ҷом,
То дар он бинам чу Хайём
Ҳасту буди зиндагиро бо ҳама оғозу фарҷом.
Баҳри хобамро бигунҷонам ҳаме дар ҷоми Ҷам,
То “Гулистон”-и биҳиштосои Саъдиро бубинам атрбез,
Иқди Парвинро нисори назми шаккарбори Ҳофиз.
Пири румиям ба рўи даст орад “Маснавӣ”,
Балки “Қуръон бо забони паҳлавӣ”.
Тобадам чун моҳ дар чоҳ
Панҷ ганҷи шойгони махзани лафзи Низомӣ,
Ҳафт авранге зи аршу “Ҳафт авранг”-е зи Ҷомӣ.
Дурри шаҳвори нукоти махзани ирфони Бедил
Дар муҳити аъзами андешаам пошад шарар,
Шоҳини гуфтори Шоҳин,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё