Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БЕДОРИЕ ДАР РЎЪЁ

Ширмоҳие будам дар баҳри хоб,
Лек бино бо саводи дидаи бедори инсон,
Лек гиро бо хурўҷи мавҷи афкори ниёкон,
Лек гўёву ниюшо бо забони модарӣ,
Лафзи шевову шакаррези дарӣ.

Баҳри хобам буд мусаффо,
Бас шигарфу бас ҳажиру бас муҷалло,
Баҳри бас жарфу маҳибе дар фарохо,
Баҳр неву шишабанде аз булўри обҳо.

Баҳр неву буд расадгоҳи Аҷам,
Баски тору пуди амвоҷи варо
Месириштӣ сарнавишташ аз нахи нури сапеда,
В-аз фурўғи обгини пайкаре чун пайкари зебои
Марям.

Рў ба сўи баҳри хобам оварад
Рўди шеъри ориё аз саргаҳи сарводи Зардушт,
Рўди шеъри порсӣ аз марзи табъи Рўдакӣ
Раҳ ба раҳ бо созу арғушт.

Эй басо лабрез буда солиён
Ин ду рўди чун ду рўди ҳамнаво
Бо сурӯду бо дурӯди оби ҷўи Мўлиён.
Эй басо ворез буда
Ин ду дарёро зи кўи бостон
Шоха-шоха шохаоби тозаи табъи равон.

Ин ду рўд аз ду тараф резад ба уқёнуси хобам
Ҳамчу шир аз ширполои само,
Ҳамчу нур аз нурполои Худо,
Боз то сайқал занад ойинаи амвоҷро,

пешина
аз 264
навбатӣ