Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Рафт, худро бар қатори аскарон зад,
Бар миёни оташи ҷанги ҷаҳон зад.
Аз бари оташгирифта ғаллазорон мегузашт,
Аз бари сад хирмани паҳну парешон мегузашт,
Таг-таги борони тир аз рўдборон мегузашт.
Бар сару рўяш ба вақти гирудор
Резакаҳ не, хоку оташпора рехт.
Размгоҳаш хирмане буд, ки дар он
Хоки душманро ба дасташ бод кард
Хоки душманро ба ғалбери фано бехт.

ПИРЎЗ

Омад аз ҷанг,
Дар ду ёнаш бодбезак остин.
Дастбурдаш то диҳад даст, дастҳоро дод аз даст Дар набарди охирин.
Омаду ҳамдаст дар суру азо шуд, Бекасонро дастгиру мутакко шуд, Омаду дар дида ҷо шуд.
Дар хаёлам, ў дарахтест, Шохсоронаш бурида.
Дар хаёлам ў замини ёнаест Киштаҳои он дуруда.
Сабз гардад ҳар баҳорон Навдаҳо чун дастҳои ў,
Хўшаҳо чун панҷаҳои босахои ў.
Гўиё бо хотири Рўзи зафар, Парфишонии ливои фатҳи мо дар боми Берлин, Мезанад пар остинҳояш чу кафтар, Рақс дорад ў ҳамора
Бе тарона, бе танин,
Рақс, рақси остин.

пешина
аз 264
навбатӣ