МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ҳар шаб ў маҳмилкаши нур аст
Шамъдони ахтарон дар даст,
Нашканад асло сабўи моҳ,
Гарчи умре афту хезаш ҳаст.
Раҳ ба раҳ дар коргоҳи барқ
Зўри худ санҷида меболад,
Мавҷро полуна месозад,
Баҳри инсон нур меполад.
Меравад чун раҳсипар дарё,
Ҳамчу умри даргузар дарё,
Роҳпўи роҳи мушкилро
Ҳаст умре ҳамсафар дарё.
Гоҳ холӣ,
гоҳ оганда,
Гоҳ ҷамъу гаҳ пароканда,
Ў зи кўи бостон ояд,
Мешитобад сўи оянда.
ДАР ТАВЛИДИ ХЕШТАН
Ман ба рўи олами пурдарду армон
Омадам бо чашми гирён.
Ғамгусори ҷумла инсон омадам,
Чун азодори шаҳидон омадам,
Баски баъди ҷанги Гирмон омадам.
Омадам ман бо паёми дигаре,
Бо марому бо низоми дигаре.
Омадам чун ҷонфишон,
Омадам чун вориси қурбониён.
З-ин сабаб бо гиряи ман шуд тамом,
Мўкании бевазанҳои пурармон,
Мўяҳои ҷонгудози модарон,
Навҳаи навхонадорон.
Пас табассум дар лаби мардум шукуфт,
Чун гули гандум шукуфт.
Пас аз он арғунчакамро бод ҷунбонд,
Офтобам ҳар саҳар бедор кард,
Шаб ҳама шаб обшоронам суруди алла хонд.
Пас аз он бо рағзаи умедҳои модарон
Гашт умре риштапайванд
Торҳои кандаи ҷон.
Гўйӣ дар тақвими умри ғурамаргон
Саҳфаҳои канда шуд шерозабанд.
Пас аз он дар кўҳсорон
Пайраҳи мардӣ давоми тоза ёфт,
Бо садои гиряи тифлонаам
Рўдбори зиндагӣ шўру қиёми тоза ёфт.
БОДГАР
Шўълавар шуд оташи ҷанг,
Аз нишастан омадаш нанг.
Дарзаҳоро банд басту хўсае рўи ғарам монд,
Ҷониби деҳа қадам монд.
Мешитобиду ба чашмаш
Дошт бозӣ оташи ҷанг,
Пешпо мехӯрд бар санг.
Оваҳ, оваҳ, ногаҳон
Гўиё бар хирман афтод
Оташи ҷанги ҷаҳон.
Гўиё месўхт хирман аз қафош,
Чоши ў мехўрд пош.
Раҳ ба раҳ бо хирманаш ў дар гирифт,
Аз ғарам, аз дарзаҳо, аз коҳҳо
Мушти хокистар гирифт.
Дар бари деҳ, рўи ёна
Рў ба рў шуд бо чинори пири ларзон,
Баргҳоро ҳамчу даъватномаи ҷанг
Медиҳад ҷавлон ҷавлон...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё