Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гулханаш будӣ чароғи раҳнамо
Дар раҳи ҳар кўҳгарди хастаҷон.
Бас шабоне, ки сари ҳар коҳкашро
Мерасонидӣ бо Роҳи Каҳкашон.
Бас шабоне мижа таҳ нокарда то рўз
Ҳамнафас будӣ ба чўпон,
Ҳамнаво бар подабон.
Аз қазо рўзе аҷал омад, гиребонаш гирифт,
Кўҳу рўду беша монд андар шигифт.
Кеҳу меҳ омад ба рўзи мотамаш,
Синакўбон, ашкрезон аз ғамаш.
Мурдаи ўро Қазоқистон набурданд,
Дар даруни коза бар хокаш супурданд.
Монд барҷо козаи он марди раҳбон
Чун нишони сидқу паймон.
Пур зи шамъи даргирони лолаҳост
Рўи бомаш ҳар баҳорон.

ДАРЁ

Раҳгузоре ҳамчу дарё нест
Ҷонфишони роҳи ҷонбозӣ,
Пайсипоре ҳамчу дарё нест
Аз шиканҷу ранҷи раҳ розӣ.

Бас раҳораҳ меҷаҳад аз санг,
Бас дамодам мерамад аз ҳанг,
Роҳи худ бикшода бо нохун,
Мекашад пайваста бори нанг.

Ў гаҳе бо рақси мастона
Санги раҳро мекашад оғўш,
Ў гаҳе чун мотамӣ гиряд
Раҳ ба раҳ, тобути ях бар дўш.

пешина
аз 264
навбатӣ