Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ин ҷо теғ шуд ҳар теғаи кўҳ,
Адир омоҷгоҳу сахра сангар.
Табар ҳамчун табарзин гашт корӣ,
Ва ҳар досе ба кор омад чу ханҷар.

Дар ҷо рўдбори разм ҷўшид,
Дарахти зулмро аз реша барканд,
Ба номи инқилоби адлу инсоф
Бишуд номи шаҳидон решапайванд.

Дар ин ҷо қуллаҳо тобанд ҳайкал
Ба он қурбониён – мардони майдон,
Дар ин ҷо ҳар шабе гулхан фурўзад
Ба ҷои оташи ҷовид чўпон.

МАРДИ РАҲБОН

Монда барҷо козае чун ёдгор
Дар кафи як мазраи танг,
Дар бари як зови пурсанг.
Гул ба девораш кашида барфу борон,
Рағза монда бар қадди болорҳояш анкабут,
Вассаҳояш нам кашида солиён.
Дар канори қабри гиландудае
Посутунҳояш чу пирон сўгворанд,
Қиссагўи рўзгори даргузоранд.
Қисса мехонанд аз марди қазоқи кадхудо,
Қиссаи сидқу сафо.
Як замон бар кўҳсори тоҷикон
Омад он марди қазоқ,
Раҳнамои раҳгузарҳо буд ў,
Машъали роҳи сафарҳо буд ў.
Ҳамчу оғўше ба ҳар сармозада
Шаб ҳама шаб боз будӣ козааш,
Тоза мешуд раҳгузарро рўҳу ҷон
Аз табассум, аз нигоҳи тозааш.

пешина
аз 264
навбатӣ