Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ОДАМУ ОЛАМ

Огаҳ аз турктози сел
Бурс рўяд зи ғови санг,
Кабки рав аз ниҳеби боз
Мепаноҳад ба зови танг.

Оҳувон аз ҳароси ҷон
Ожиранду даванду чуст,
Хор аз пушти хорпушт
Аз барои ҳимоя руст.

Ҷумлаи дому дад басе
Баҳра аз дўстӣ барад,
Дар раҳи гирудори ризқ
Кина бар хасм парварад.

Ба ҳама ҷонвари ҷаҳон
Гоҳ дилҷўй одамист,
Бо тақозои нафси шум
Гоҳ берўй одамист.

Одамирро вале на ваҳш, Душмани зўр одам аст, Одам аз бими одамӣ Дар табу тоб, дар ғам аст.

Ҷумла сармоядор шуд
Бозхоҳи силоҳи нав,
Бомб мехоҳаду мушак,
Хоса пайкони барқдав.

Бо тамаъ сохт “Першинг”
Ки занад Қофро ба Қоф,
Хоҳад аз муқтазои ҳирс
Оламеро кунад масоф.
Бо чунин хомройиҳо
Чун шавад обрўи ақл?
Ки зи дандони гург шуд
Ҳалқае бар гулўи ақл.

Баски бар раммаи рафоҳ
Гурги сармоя медавад,
Чун шубон ваҳдати башар
Бас ҳушевор мешавад.

Бар силоҳофарӣ адў
Ҳар қадар зўр мезанад,
Ҳайфи ақлу хирад ба ў,
Ки ба худ гўр меканад.

ГУМҶӮ

Қади пайроҳаҳо пас аз давидан,
Миёни сабзаҳо пас аз чаридан,
Рама дар соҳили рӯде ғунуда.

Фақат меше кашад аз сина афғон,
Ба гўши рўду аммо рӯди ҷӯшон
Гурезад, арзу додаш ношунуда.

Фақат як меши гумҷӯ бо тавалло,
Бихоҳад барраи гумкардаашро,
Зи амвоҷе, к-аз ӯ боре рабуда...

пешина
аз 264
навбатӣ