Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чаканпўшу чаканпўшу чаканпўш,
Чаманзебу чаманоро гули рўш,
Ғазалхон омад аз Саъдию Ҷомӣ,
«Гулистон»-у «Баҳористон» дар оғўш.

Парафшон аз сари мо меравад абр,
Парешон аз бари мо меравад абр,
Магар тобути маҳро мекашонад,
Ки гирён аз дари мо меравад абр.

Ба вақте навниҳоли беша будем,
Ҳамолу ҳамбару ҳамреша будем,
Басо беқайду беғам қад кашидем,
Ки ғофил аз дами потеша будем.

Якеро зўр бо сарват шуморанд,
Якеро зўр бо савлат гуморанд,
Ба чашми ман касоне зўрманданд,
«Ки зўри мардумозорӣ надоранд».

Яке аз маҷлиси бисёр нолад,
Яке аз мушкилоти кор нолад,
Яке аз шавҳараш нолад ба сардор,
Яке аз ҳамсари сардор нолад.

Дар ин даҳри пур аз дунёи дигар,
Чу наҳре сӯи фардоҳои дигар,
Равонанду равонанду равонанд
Басо имрӯзу имшабҳои дигар.

Ту рафтию нигоҳат дар дилам монд,
Шарарҳое зи оҳат дар дилам монд,
Нишонат доғҳои навҷудойист,
Ки аз рўи чу моҳат дар дилам монд.

Гули кокутиро бин дар сари кўҳ,
Ки метобад ба ранги афсари кўҳ,

пешина
аз 264
навбатӣ