МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ба банди кокулони духтари бед
Чу ошиқ банди дасташ печ дорад.
Навозишҳои ў омад ба ёдам,
Ки хоҳишҳои ў омад ба ёдам,
Заминро ҳамчу деҳқон мола кардам,
Ки молишҳои ў омад ба ёдам.
Ҳамеша дар талошу ҷустуҷўям,
Ки як ҳарфи касе ногуфта гўям,
Ҷунуну килку дафтар тўша кардам,
Ки як роҳи касе норафта пўям.
Ба вақти дарс бо ў гуфтугў буд,
Имову чашмакии рў ба рў буд,
Намедонам, ки устодам чӣ мегуфт,
Хаёлам банди кокулҳои ў буд.
Хўрад лавҳе сари сад дона бурро,
Хўрад бесабрӣ умри носабурро,
Хўрад рўзе сари майхораро май,
Хўрад пора сари бас порахўрро.
Маро маҳтобшаб дар роҳ ёбӣ,
Маро маҳтобшаб бо моҳ ёбӣ,
Зи рози шаб, зи эъҷози дили шаб
Маро маҳтобшаб огоҳ ёбӣ.
Ало, раҳдур, бо ёдат ғаминам,
Ки мехоҳам туро аз нав бубинам,
Кушуда пойандози шафақро
Ба сад уммед дар роҳат нишинам.
Аҷаб шаҳрӣ, аҷаб шаҳрӣ, Душанбе,
Гуле дар гулшани даҳрӣ, Душанбе,
Ту шаҳри хубию афсўс, афсўс,
Ки хубонат зи мо қаҳрӣ, Душанбе.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё