Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Туро ҳам сурмаю ҳам ғоза карданд,
Ба хушрўйӣ басе овоза карданд,
Алоби синаҳои ошиқонро
Шаби тӯят якояк тоза карданд.

Шаберо ба шикоре рўз кардӣ,
Маро як кабки дастомўз кардӣ,
На парвозе, на овозе, дареғо,
Паровар будаму парсўз кардӣ.

Фиреби нозанинон дидаам ман,
Шикеби моҳрўён дидаам ман,
Басе дар фасли тобистони дилҳо
Шамолу барфу бўрон дидаам ман.

Само гирён шуду хандон гули чатр,
Ба тори сар кунад ҷавлон гули чатр,
Чу гулҳои ҳавоборонаки шаҳр
Ба ҳар кўча гули рақсон – гули чатр.

Ба дижи қалби ман пинҳон Деваштич,
Дамодам мекунад исён Деваштич,
Ба дасташ шўълаи шамшери хуршед
Миёни оташи суғдон Деваштич.

Бунафша рўйиду олам дигар шуд,
Либоси ёлаҳо пурсиму зар шуд,
Бунафша чун гули ахтар бирўйид,
Замин чун осмони пуршарар шуд.

Ту бошию ту бошию ту бошӣ,
Миёни зираву ҳулбўи ошӣ,
Ту бошӣ рўи санги байни дарё,
Ки бо шухӣ ба рўям об пошӣ.

Гули печак ба по попеч дорад,
Вале бар ҳар тараф дилғеҷ дорад,

пешина
аз 264
навбатӣ