МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Ниҳоли умри навгулкардаи ман
Дареғо, бар надода баргрез аст.
Нигоҳи ў, нигоҳи ў фиребост,
Ду чашмони сиёҳи ў фиребост,
Кашам оҳу кашам оҳу кашам оҳ,
Ки кулли оҳу воҳи ў фиребост.
Ба сар омад хумори ҷангалистон,
Ки гаштам раҳсипори ҷангалистон,
Бидидам кундаҳоро лавҳаи гўр
Саросар дар мазори ҷангалистон.
Ту он сарчашмаӣ, ки ташна кобад,
Ту он сарчашмаӣ, ки ташна ёбад,
Ту он сарчашмаӣ, ки моҳу анҷум
Шабон з-ойинаи рўят битобад.
Маро бо рўдҳо рози кушод аст,
Чунин андарз амвоҷам бидодаст,
Хурўшонтар шаву шўридатар бош,
Ки ноогоҳи шавқи мо зиёд аст.
Раҳи мо, роҳиён, шабу фароз аст,
Мудаввар чун раҳи аспи ҷувоз аст,
Ба мулки шоирӣ афтону хезон
Равонему раҳаш аммо дароз аст.
Ту бо байту тарона бошӣ, эй гул,
Ту бо чангу чағона бошӣ, эй гул,
Ту лабрезу ту сармасту ту шодоб
Зи нози духтарона бошӣ, эй гул.
Шамоли кина гар пайҳам ситезад,
Гулу барги ҷавониҳо бирезад,
Наандешем агар аз ин шамолрав,
Дарахти зиндагӣ аз реша хезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё