Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Саҳаргоҳе нишастам дар хами ғут,
Канори чашмаоби Киштровут,
Ки чун чашма кушоям дидаи худ
Ба рўи олами пур аз тафовут.

Дар ин дунё, ки дорои замирам,
Ба дороӣ бубинӣ беназирам,
Чу дорои матои сўзу созам,
Дигар дороиро як пул нагирам.

Басо кас бо Тую Ман ашк резад,
Туе бо Ман вале бо ҳам ситезад,
Ману ту нодавида аз паси ҳам,
Мане аз Ту, Туе аз Ман гурезад.

Заминам сўз бахшид, соз бахшид,
Диле бо сад ҳазорон роз бахшид,
Дили шўридаю бегона аз ман,
Дили бо бедилон ҳамроз бахшид.

Ту аз ман болию ман аз ту болам,
Ту аз ман нолию ман аз ту нолам,
Намедонам, дареғо, дар чӣ ҳолӣ,
Намедонӣ, дареғо, дар чӣ ҳолам.

Дар ин водӣ ҳама донад дубайтӣ,
Ҳама дар сангҳо монад дубайтӣ,
Дубайтӣ дар лаби рўди равон аст,
Шамоли раҳгузар хонад дубайтӣ.

Дарахте будию гулбез будӣ,
Саропои маро гулрез будӣ,
Ту бо оғўши лабрезони гулҳо
Замоне ёлаи гулхез будӣ.

Ғазаб дар дидагонат пурситез аст,
Ҷавони кам – кам аммо дар гурез аст,

пешина
аз 264
навбатӣ