МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Басо мурғон ба ёди мо биноланд,
Вале парвои онон нест моро.
Чиҳо мешуд, шабе меҳмон шавӣ ту,
Ба дарди мо яке дармон шавӣ ту,
Балое саҳмгин аз дурият нест,
Чиҳо мешуд, балогардон шавӣ ту.
Чи хуш, гар ҳофизи овозадорӣ,
Чи хуш, гар олими эъҷозкорӣ,
Чи хуш гар шоирӣ, аммо чи нохуш,
Агар одамгарӣ дар дил надорӣ.
Зи як мазҳар, зи як мабнову аслем,
Фарорӯдӣ ва ё эронинаслем,
Дарахти пургули назми ниёро
Ҳама чун шохаву чун навда васлем.
Шабе фарёд кардам дар сари кўҳ,
Ки ўро ёд кардам дар сари кўҳ,
Хаёли хирмани мўйи варо ман
Шабе каҳбод кардам дар сари кўҳ.
Замин бар осмонҳо мекунад арз:
«Хушо дардошное чун кашоварз,
Дили ў з-оби раҳмат бод шодоб,
Сари ў сабз бодо чун сари марз».
Ҷаҳондорӣ, агар гул чида бошӣ,
Раҳи дилдорро пойида бошӣ,
Ту алҳақ, дидаӣ дунёи дигар,
Агар оғўши ёре дида бошӣ.
Шабе буду шабистони Есенин,
Шабеву шабнамистони Есенин,
Парафшон буд ба сар гулбарги шеъраш
Ки мехондам «Гулафшон» - и Есенин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё