Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Манам кобандаи оҳанги тоза,
Манам ёбандаи оҳанги тоза,
Навоям дилкашу дилёбу дилҷўст,
Манам созандаи оҳанги тоза.

Диле дорам, диле чун санги ғелон,
Диле беҷой аз ҷасти ғизолон,
Ба сони киштии тўфонрасида
Дили огандаи дилҳои нолон.

Чи оташҳо, ки аз бунёдам афрўхт,
Сарафрозию тобу ҷилва омўхт,
Чи оташҳои дилҷўе, ки охир
Зи дил сар баркашиду пайкарам сўхт.

Шабе буду туро дар хоб дидам,
Сари марғу лаби марғоб дидам,
Шабе акси маҳи рўи туро ман
Дар оби чашмаи маҳтоб дидам.

Ту гаҳ хомўшу гоҳе дар хурўшӣ,
Ту гаҳ доно, гаҳе камақлу ҳӯшӣ,
Ту гаҳ қиматбаҳову гоҳ арзон
Матои навҷавониро фурўшӣ.

Ба рўи сахраи соҳил нишинам,
Ба зоҳир шоду дар ботин ғаминам,
Зи мавҷе, ки ҳамепечад ба гирдоб,
Хатоҳои ҷавониро бубинам.

Шабе буду шаби маҳтобие буд,
Шабе буду шаби бехобие буд,
Ба чашмонам канори чашмаобе
Хумори чашмаҳои обие буд.

Равам, ово диҳам боди саборо,
Бипурсам ҳоли мурғони ҳаворо,

пешина
аз 264
навбатӣ