МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Дили ман доғ андар равғани ишқ,
Лабат чун пардаи рўи пиёз аст.
Чаканпўшон маро девона карданд,
Ба даври худ маро парвона карданд,
Сипас дар кўчаву паскӯчаи шаҳр
Хаёли одами бегона карданд.
Ба вақте абри найсонат бубинам,
Ба вақте резаборонат бубинам,
Ба вақти шабдарав аз қуллаи кўҳ
Чу доси маҳ намоёнат бубинам.
Лаби дарё будам шабҳои маҳтоб,
Набуд дар дидагонам то саҳар хоб,
Ки фармудӣ: хаёлу хоби худро
На бар ту, балки гўям боз бар об.
Биё, ки раҳкушо субҳи умед аст,
Биё, ки пайраҳа акнун сафед аст,
Биё, ки рў ба рўи мо гушуда
Дари гулхонаи рангини шед аст.
Туро чун қатраи борон бубинам,
Зи абри толиби деҳқон бубинам,
Саҳар дар мазраи тори сари кўҳ
Гули хуршеди нурафшон бубинам.
Дилороме қарору тоқатам бурд,
Азобам доду ҷумла роҳатам бурд,
Зи тан то даррабоят гавҳари дил
Ду чашми раҳзанаш бо ғоратам бурд.
Ту бо гул бошию гул бо ту бошад,
Кабутар даври ту дар ёҳу бошад,
Туро чун оҳуи беоҳу бинам,
Ки чашмонат ба чашмам ҷоду бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё