Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Маро бо як табассум гар навозӣ,
Маро бо як табассум мегудозӣ,
Маро бо як табассум кушта сад бор,
Маро бо як табассум зинда созӣ.

Алови кундаи моҳи дуҳафта
Бимирад аз паси он ёри рафта,
Пас аз ў дар танӯри осмонҳо
Чу хокистар бимонад абри тафта.

Ба шиша мезанад ангушт борон,
Ба шиша мезанад бо мушт борон,
Ки эй маҳбуси зиндони ҳавасҳо,
Бубин чун мекунад арғушт борон.

Зиҳӣ, эй шўълаи тобон, Ғафуров,
Худафрўзи дили инсон, Ғафуров,
Ки пошӣ нури ҳақ бо «Тоҷикон» - ат
Ба роҳи хештанҷўён, Ғафуров.

Зи тифлӣ тоҷикон Юнон бидонанд,
Ба таърихи ҷаҳон бас зеҳн монанд,
Вале таърихи мулки хештанро
Дареғо, дар ягон мактаб нахонанд.

Ба сони гушнае, ки мехўрад нон,
Газидам кулчаи рухсори ҷонон,
Паи дандон ба рўяш дида аз тарс
Лабони худ газидам пас ба дандон.

Шамоли ёди ту вақте ки ошуфт,
Ба рўи дашти дил ҳарфи туро гуфт:
«Ба кишти марзи оғӯшат иҷозат
Шавад он лаҳза, ки сарҳо шавад ҷуфт».

Шабони ошиқии ман дароз аст,
Ҷаҳони ошиқиям пурниёз аст,

пешина
аз 264
навбатӣ