Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки ҳампоем то сарманзили ёр
Ману боду ману боду ману бод.

Биё, бо ман нишин паҳлу ба паҳлў,
Канори чашмасорону лаби ҷў,
Биё, ҷўям сафои бахти худро
Дар он чашму дар он ойинаи рў.

Ту бошию ману шаб бошаду моҳ,
Маҳи рухсори ту бошад назаргоҳ,
Ту бошию ману бар тораки мо
Зи хирманҷои маҳ резад гули коҳ.

Ғаме ҷонсўзтар аз беғамӣ нест,
Каме ҷонкоҳтар аз бекамӣ нест,
Чу бедардӣ набошад дарди сахте,
Чу номардӣ ба кас ношоямӣ нест.

Даравгарҳо аз ин раҳ мегузаштанд,
Сурудхонон шабонгаҳ мегузаштанд,
Даравгарҳои доси маҳ сарди дўш
Зи сўзи мо бас огаҳ мегузаштанд.
Манам дар ифтихори номи тоҷик,
Ки метобад ҷаҳон аз боми тоҷик,
К-аз аввал дояи таърих бардошт
Ба ангушти фазилат коми тоҷик.

Балои мо басе дар ботини мост,
Фанои мо басе дар койини мост,
Барори мо басе дар нобарорист,
Ки дўсти мо ҳабиби хойини мост.

Сиришкам шўъла зад аз дидаи ман,
Ки сўзад будаю нобудаи ман,
Шаби сӯри арўсият дурахшад
Дили ман – машъали бедудаи ман.

пешина
аз 264
навбатӣ