Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ту рафтию маро ҳамраҳ набурдӣ,
Ғами танҳоии худро нахурдӣ,
Чароғи моҳро хомўш карда,
Маро бар даштҳои шаб супурдӣ.

Саро, эй боди нарми бешазорон,
Ҳамово шав ба сози резаборон,
Бигардон саҳфаҳои дафтари мавҷ,
Бихон шеъри равони обшорон.

Ҳалолат бод, агар нонат ҳалол аст,
Кас аз нони ҳалол осудаҳол аст,
Бувад хони ту дастархони афлок,
Лаби нони ҳалолат чун ҳилол аст.

Раҳи дилҳо мисоли роҳи кайҳон
На сар дорад, на бар дорад, на поён,
Маҳеро солҳо дар ҷустуҷўям,
Вале роҳаш ҳамеша нонамоён.
Ман аз шавқат пари шаҳбоз дорам,
Ба кўят шеваи парвоз дорам,
Ту бо барқи ғазаб болам масўзон,
Ки нав оҳанги ин эъҷоз дорам.

Шабе мўйи туро ман бўй кардам,
Ки монанди гули шаббўй кардам,
Туро дар мазраи гулҳои кишта
Хаёли гулбуни худрўй кардам.

Хушо сози чакочакҳои борон,
Хушо сози чаковакҳои паррон,
Хушо арғушти боди нарми беша,
Ба савти арғунуни обшорон.

Зи ҳар як зов хезад шўру фарёд,
Зи ҳар як обканде доду бедод,

пешина
аз 264
навбатӣ