Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МАНУ ТУ

Ману ту бар гунаҳ лоиқ набудем,
Ба васли ҳамдигар шоиқ набудем.
Ба рўи сабзаҳо танҳо ба танҳо
Нишастему вале ошиқ набудем.

Нахустин лола шуд бар ханда мойил,
Ману ту чун гул аз шодӣ шукуфтем,
Ба ҳам карда басе гулдаста ҳадя,
Зи ишқ аммо сухан боре нагуфтем.

Ба гулхан нав ба нав ҳезум ниҳодем,
Ба рақс омад дил аз рақси шарора,
Ба дил сўзе набуд, ки дил надодем,
Ба ҳам кардем гарчанде назора.

Навиштему на чун ошиқ навиштем
Ба санги лайс якбайтӣ нишона,
Будӣ бо ман, вале бо ман набудӣ
Чу муштоқе таги бурси ягона.

Кунун дар мазраҳои синаи мо
Муҳаббат чун гули худрўй сабзид,
Қади наврасниҳолат муғҷа овард,
Баҳорони ҳавас бедор гардид.

Дар ишқи мо кунун подории кўҳ,
Талотумҳои мавҷи рўди ҷўшон,
Сарафрозии он шахҳои саркаш,
Сафою покиҳои чашмасорон.

Биё, биншин ба рўи сабзаи нав,
Ки худро волаю ошиқ бубинем,
Ба вақте пир гашта якдигарро
Ба ишқи наврасӣ содиқ бубинем.

пешина
аз 264
навбатӣ