МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ХОҲИШ
Ба қадду қомат, эй ёри расида,
Ба қадри ошиқӣ боре расида,
Биё, масти ҳавасҳои пурошўб,
Ки омад вақти дилдорӣ расида.
Биё, ҷавлонвар аз байни алафзор,
Насими атрогин ҳамраҳат ор,
Шамими зира аз доман биафшон,
Маро сармаст кун аз бўи гулхор.
Биё, то бўям он зулфи муаттар,
Ба банди кокулонат барниҳам сар,
Саҳаргоҳе ба мўи майдабофат
Бубандам даста-даста лолаи тар.
Биё, то бар насими навбаҳорӣ
Даровезем чун мурғи фирорӣ,
Ба савти нойи чўпонӣ сароем,
Ба сози кабкҳои кўҳсорӣ.
Биё, то як шабе ҳамроҳ шинем,
Ба ҳамдигар гули дилхоҳ чинем,
Ҳусули дурию танҳоӣ дар чист? –
Варо аз ранги зарди моҳ бинем.
Аввалин байти маро дар рўи санг
Бод хонду нола кард
Бо дили саршор аз дард.
Бод кўраш кардаву бехона шуд,
Аз хештан бегона шуд,
Девона шуд.
Аввалин байти маро дар рўи санг
Рўд хонду кафк дар лаб бардамид,
Рўд кўраш кардаву аз худ рамид,
Буд он якроҳаву бероҳа шуд,
Мушткўбон бар сару бар рўи худ.
Аввалин байти маро бо рашк хонд
Навҷавоне дар тани деворҳои хонаат,
То бидонӣ байтро ў бар ту монд,
Кўр кард номи ман,
Бар ҷош номи худ навишт,
Баъд аз ин тухми умеду орзу
Дар мазраи қалби ту кишт.
Баъд аз ин чун ошиқи шайдои ту
Шўҳра шуд бо дидаи бехоби ман,
Бо дили шўридаву бетоби ман.
ОРЗУ
Он ҷо, ки сабза навруста бошад,
Ҳар лола дорад майли баногўш,
Рози дили худ як шаб кушоям,
Чун субҳ шояд бикшоӣ оғўш.
Шабҳо канори сарчашма бошем,
То аз кафи худ бар ман диҳӣ об,
Дар он битобад акси ҷамолат,
Дар ҷилва бошад ҳам акси маҳтоб.
Ҳамчун насими гарми баҳорон
Тозем шодон паҳнои саҳро,
Дигар набошем аз якдигар дур,
Печем бо ҳам чун мавҷи дарё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё